Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи июни соли 2025, марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 88 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ аризаи марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2025, "Акмал" ном шахс ба бовариаш даромада, бо роҳи фиреб худро соҳибкор муаррифӣ намуда, аз мағозаи хӯроквориаш, ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















