Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
9-уми январи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид.
Аз он ҷумла:
- полковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Сатторзода Абдуҷаббор Абдурасул ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Вайсзода Бахтиёр Шарифбег ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони олиқадр;
- полковники милитсия Қурбонзода Авазхон Бозор ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Мирализода Субҳон Хоҷа ба вазифаи муовини сардори раёсат, ӯ низ сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
- полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ;
- подполковники милитсия Нуриддинзода Тоҷиддин Наҷмиддин ба вазифаи сардори БММ «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ;
- генерал-майори милитсия Маҳмадзода Алимардон Аҳмад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ;
- полковники милитсия Саидзода Тоҷиддин Талбак ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб;
- полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Фархор;
- майори милитсия Фаридуни Маҳмад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг;
- подполковники милитсия Икромзода Саидҷаъфар Музафар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалик;
- подполковники милитсия Абдусамадзода Суҳроб Абдусамад ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ;
- подполковники милитсия Рамазонзода Мансур ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат;
- подполковники милитсия Абдураҳмонзода Абдукибор Абдулнимон ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ;
- полковники милитсия Раҷабзода Муҳаммадлоиқ Файзалӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод;
- полковники милитсия Раҳмонзода Хуршед Абдулмаҷид ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ;
- подполковники милитсия Давлатзода Нурзод Шарифбек ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур;
- полковники милитсия Каримӣ Раҳматулло Расулзода ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд;
- полковники милитсия Анварзода Шӯҳрат ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара;
- подполковники милитсия Абдуллозода Исо Абдулло ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара;
- подполковники милитсия Аминзода Ҳабибулло Саидмурод ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Ворух»-и шаҳри Исфара;
- подполковники милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров;
- подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов;
- подполковники милитсия Солизода Умед Баҳриддинхоҷа ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон;
- полковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Зафаробод;
- подполковники милитсия Абдуллозода Бахтиёр Абдулло ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт;
- подполковники милитсия Ғаффорзода Абдурауф Абдуҷаббор ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ;
- подполковники милитсия Пирмуҳаммадзода Ғолиб Пирмуҳаммад ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи РВКДН;
- полковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани РВКДН;
- майори милитсия Ҳакимзода Ҷамшед Сайнахш ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғди РВКДН таъин гардиданд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои мақомоти корҳои дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю бенуқсон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои соҳавӣ, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ дар сафҳои мақомот ва ҳам дар миёни мардум, муборизаи ҷиддию софдилона бо ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла навъҳои синтетикии он ва ҳамчунин, ба тарбияи босифати кадрҳои ҷавони соҳа ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.






















