Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ду ҷавони 19-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров 23-юми декабри соли 2025, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров, 48-адад қуттичаҳои намуди «Трения Х201» ва 2-адад намуди «Британик Х201, дар умум ба миқдори 23 ҳазор донаро фурӯхтаанд.
Мувофиқи маълумотномаи судӣ таркиши-техникӣ маводҳои мазкур барои истифодабарӣ коршоям мебошанд. 
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 иловаи-1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки  марди 36-солаи сокини шаҳри Конибодом, 28-уми декабри соли 2025, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом 480-адад қуттичаҳои маводи тарфгарии намуди «Трения Х201»-ро ба миқдори 21 ҳазору 600-дона фурӯхтааст.
Мувофиқи маълумотномаи судӣ таркиши-техникӣ маводҳои мазкур барои истифодабарӣ коршоям мебошанд. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи-1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.01.2026 8:16
40