Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдори қаллобӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини ноҳияи Деваштич, 26-уми октябри соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, дар ҳудуди бозори чорвои шаҳри Хуҷанд аз ӯ 76-адад чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 392 ҳазору 500 сомонӣ тариқи ғайринақдӣ савдо карда гирифта, аз он 4 ҳазор сомониро ҳамчун пешпардохт дода, аз додани боқимонда маблағи 388 ҳазору 500 сомонӣ саркашӣ карда, чорвоҳои мазкурро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

09.01.2026 8:14
34