Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

6-уми январи соли 2026, тахминан соати 23:00, дар шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Прадо”, Ғозиев Алишер Ёрбобоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Рушон ба самти ноҳияи Ёвон, дар вақти расидан дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Атауллоев Убайдулло Нуруллоевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Атауллоев У.Н. дар ҷоқи ҳодиса ба ҳалокат  расидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

08.01.2026 8:35
39