Ошкор шудани ду ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе, директори генералии ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” ворид гардидааст, ки ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе 18-уми сентябри соли 2024, бо бастани шартнома ҳамчун намоянда - фурӯшанда дар ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” ба кор қабул шуда, аз 18-уми сентябри соли 2024, то 15-уми ноябри соли 2025, дар ҳудуди шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, дар вақти фаъолияташ маҳсулоти хӯрокворӣ ва маблағҳои аз фурӯш ба даст овардаашро азонихуд намуда, бо ин кирдораш ба хазинаи корхонаи ҶДММ “Баҳодур Тиҷорат” ба маблағи 134 ҳазору 447-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 50-солаи сокини ноҳияи Деваштич тибқӣ шартнома оид ба нигоҳубин намудани чорво, аз 1-уми феврали соли 2023, аз корпоративи тиҷоратии «Овчии Ғончӣ»-и ноҳияи Деваштич 232 сар чорвои майдаи шохдорро барои нигоҳубин ва парвариш гирифта, ҳамчун шахси масъули моддӣ ба ҳисоб рафта, дар соли 2024, -105 сар чорвои майдаи шохдорро ба хароҷот бароварда, боқимонда 127 сар чорвои майдаи шохдори хоҷагиро, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст, азонихуд намудааст, ба хоҷагӣ 120 ҳазору 550-сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














