Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУЗДӢ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи фурӯши дорувориаш, ки дар маркази саломатии  №4-и  кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад, ворид гардида, аз дохили нуқтаи дорувориаш 9 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини  пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27 ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, 27-уми декабри соли 2025, тахминан соати 05:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсии марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур тамғаи «Тайота Кемри», ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 50 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.01.2026 8:26
49