Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди қаблан судшуда барои куштори ҳамзисташ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки соли 1998 бо моддаи 104 ва қисми 2 моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми декабри соли 2025, тахминан соати 12:00, дар манзили истиқоматиаш бо ҳамзисташ зани 63-солаи сокини ҳамон ҷо, ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шуда, баъди буд шудани нӯшокиҳои спиртӣ гумонбаршаванда барои рафта харидани нӯшокиҳои спиртӣ аз ҷабрдида маблағи пулӣ талаб намуда, аз сабаби рад кардани он баҳсу муноқиша карда, бо 1-адад зарфи шишагин бо қисми поёни шиша ба пешонаи охирон зарба задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршаванда ҷасади ҳамзисташро то 30-юми декабри соли 2025 дар манзили истиқоматиаш нигоҳ дошта, тахминан соати 02:30-дақиқа, ҷасади марҳумро дар  қафои бинои истиқоматиаш монда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.01.2026 8:19
58