Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
16-уми декабри соли 2025, аз номбурда дар ҳудуди ноҳияи Спитамен 6 ҳазору 750-дона маводи тарфгарии намуди «Трения Х201» дарёфт ва гирифта шуд.
Мувофиқи хулосаи эксперти судӣ маводҳои мазкур коршоям мебошанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи-1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















