Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду нафар барои ташкил намудани фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дигар манзили истиқоматиаш дар шаҳри Душанбе воқеъ бударо ба фоҳишахона табдил дода, дар шабакаи интернетӣ эълон гузошта, 20-уми ноябри соли 2025, ба марди 29 ва зани 34-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, 250 сомонӣ гирифтааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар муддати як моҳ манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил додааст.
14-уми декабри соли 2025, таҳминан соати 15:30-дақиқа, манзили истиқоматиашро ба марди 28 ва ҷавонзани 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи М.С.Ҳамадонӣ барои алоқаи ҷинсӣ кардан шароит фароҳам оварда, 400 сомонӣ гирфтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

05.01.2026 8:31
21