Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани се ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш “Пойтахт Премюм”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ даромада, аз он ҷо маҳсулотҳои хӯроквориро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 113 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро корманди мағозаи мазкур марди 31-солаи сокини пойтахт содир намудааст. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 1-уми январи соли 2026, тахминан соати 11:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 2-адад оинаи нилгун, 1-адад кондитсионер ва 5000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 5-уми ноябри соли 2025, ба манзили истиқоматии марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур даромда, аз он ҷо 10-адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

05.01.2026 8:27
18