Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба авбошӣ задани марди 39-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Балҷувон 3-юми январи соли 2026, тахминан соати 12:05-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо мардони 37 ва 34-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба онҳо зарба задаааст.
Дар натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

05.01.2026 8:25
22