Муайян шудани ҳолати ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 14-уми декабри соли 2025, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар назди яке аз ошхонаҳои деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш як шахси номаълум ба ӯ зӯроварӣ нишон дода, телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг А11”-ро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашда 700 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

















