Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ҳолати азонихудкунӣ ё  исрофкорӣ 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Бохтар дар асоси фармони Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” аз 1-уми феврали соли 2024, ба вазифаи мудири Маркази хизматрасонии Бонкии №260 ҶСП “Спитамен Бонк” дар шаҳри Бохтар таъин шуда, то ин ҷониб кор ва фаъолият кардааст. 
Дар давраи фаъолияти кориаш гумонбаршаванда аз моҳи феврали соли 2024 то 30-юми декабри соли 2025, аз ҳисоби маблағҳои терминали худкори пардохтӣ, маблағи пулӣ ба миқдори 1 миллиону 386 ҳазору 997 сомониро тасарруф намуда, онро ба манфиати шахсии худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

03.01.2026 8:41
40