Идомаи сафари омӯзишӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Босния ва Ҳерсеговина
3-юми июли соли ҷорӣ ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар идомаи сафари омӯзишӣ аз Ситоди оперативии политсияи Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина боздид ба амал оварданд.
Ҳайати Гурӯҳи кориро ҷаноби Срджан Обрадович - сардори Раёсати кадрҳо ва масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҷаноби Неманья Пипович - муовини сардори Департамент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва захираҳои инсонӣ, хонум Дияна Круплянин - сардори шуъбаи ҷустуҷӯ ва корҳои иктишофии ҷиноятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаноби Срджан Обрадович меҳмононро ба ин кишвар хайрамақдам гуфта, аз ташрифи онҳо изҳори хушнудӣ намуд. Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербская дар Босния ва Ҳерсеговина оғоз аз соли 1992 аз низоми милитсия ба низоми политсия гузашта, то ин дам дар тамоми самтҳои фаъолияти политсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Изҳори умед карда шуд, ки дастовардҳои онҳо дар самти гузариш ба низоми политсия барои амалишавии раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи вохӯрӣ ҳайати Гурӯҳи кориро бо тартиби ташкили низоми политсия ва фаъолияти сохторҳои навтаъсис, ки дар доираи амалишавии низоми политсия таъсис дода шудаанд, аз наздик шинос намуданд.
Сараввал масъулин ба ҳайати Гурӯҳи корӣ оид ба таърих, тартиби қабул ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Сербская «Дар бораи политсия ва корҳои дохилӣ» ва фаъолияти политсия тавассути рӯнамо (презентатсия) маълумот манзур намуданд.
Дар идомаи чорабинии омӯзишӣ ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти ташхиси криминалистӣ, мактаби олии таълимӣ, таҷҳизоту техникаҳои ҷангӣ, воҳиди махсуси зиддитеррористӣ, хадамоти кинологӣ ва полиси савора шиносоӣ пайдо намуда, сипас ба онҳо маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ, тартиби дастгир намудани ҷинояткор ва муҳосираи объект ба пуррагӣ нишон дода шуд.
Гул Маҳбуба, Фаррух Самадзода




















