Пахши пиёдагард дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав
29-уми декабри соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ОПЕЛ-АСТРА”, Бобоев Тоҳир Мирзоаминович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Турсунзода-Душанбе” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Умаров Дилшод Давлатович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Умаров Д.Д. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















