Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол
Дар ҳақиқат, варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ ва гарави саломатии инсон буда, бешубҳа дар баргузории мусобиқаҳои варзишӣ новобаста аз навъи он миёни варзишгарон дӯстиву рафоқат қавитар гардида, боз чеҳраву истеъдодҳои нави варзишӣ ба майдон меоянд.
25 майи соли 2024 бахшида ба Рӯзи байналмилаии футбол, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид 25-уми май - Рӯзи байналмилалии футбол эълон гардид, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони ватанӣ мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка, шоҳмот миёни хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Ховалинг бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур, варзишгарон ва доираи васеъи ҳавасмандони ин соҳаҳои варзиш доир гардид.
Дар мусобиқаи футболи хурд, ки ҳаводорони зиёде дорад, 12 даста миёни ҳам рақобат намуда, ҳар кадоме барои гирифтани ҷойи аввал аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Инчунин дар мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот, ки миёни муҳассилини муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва ҳаводорони ин намуди варзиш доир гардид, дар намуди шашка зиёда аз 70 нафар ва дар мусобиқаи шоҳмот бошад, беш аз 60 нафар, ки қобилиятнокии зеҳниву фикрии инсонро нишон медиҳад, миёни ҳам рақобат намуда, бар ҳарифони худ дастболо гардиданд.
Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри солимии ҷомеа ва рушди соҳаи варзиш, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ миёни ҷавонону наврасон ва ҳавасмандони ин соҳа, инчунин дар ин замина муаррифӣ намудани табиати зебову нотакрор ва рушди соҳаи саёҳӣ дар кишвар пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуда, ғолибон бо медал, Сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.
Р.Илёсов

























