Боздошт гардидани марди 42-сола бо ҷурми содир намудани ҷинояти авбошӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми декабри соли 2025, тахминан соати 19:50-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Дониши ноҳияи шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 33-солаи сокини пойтахт ҷангу чанҷол намуда, бо корди як маротиба ба қафаси синааш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

















