Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки 26-уми декабри соли 2025, писарбачаи хурдсоли дусолаашро ҳамсари собиқ шавҳараш зани 31-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки таҳти тарбияи ӯ буд, мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Тибқи хулосаи ташхиси эксперти суддӣ-тиббӣ сабаби марги марҳум хунрезӣ баъди осеби мағзи сар бо варами майнаи сар дар аснои осеби пушидаи косахона ва майнаи сар, ки мансуб ба зарари вазнин ба саломатӣ мебошад, гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















