Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба "Кикбоксинг"
Аз 25 то 27 декабри соли 2025 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни кӯдакону наврасон ва Чемпионати ҷумҳурӣ миёни ҷавонону калонсолон оид ба "Кикбоксинг" баргузор гардид.
Дар он аз Вазорати корҳои дохилӣ вазишгарони ШҶ "Динамо", курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи милитсия"-и Вазорати корҳои дохилӣ (бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб) ва Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ"- и Вазорати корҳои дохилӣ (бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара) иштирок намуданд. Варзишгарон ва курсантони Вазорати корҳои дохилӣ ҷойҳои намоёнро ишғол карда, соҳиби 27 медали тилло, 16 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ гардиданд.






















