Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии фароғатӣ барои фарзандони кормандони милитсия

Барои фарзондони кормандонии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Хуҷанд фазои идонаи солинавӣ ташкил карда шуд. Хурдсолон дар ин чорабинии фарҳангии идона бо қаҳрамонҳои афсонавӣ вохӯрда дилхушӣ карданд. Ҳунармандон барномаи фарҳангии тамошобобро бо ҳунарнамоии хуб  манзур доштанд, ки ба майлу хоҳиши хурдсолон тавъам буд. Қаҳрамонҳои олами афсонавӣ рӯ ба рӯ бо тамошобини худ суҳбат карда саргузашти афсонавиро мувофиқ ба завқи тамошобин манзур дошант. Сюжаи барномаи пешниҳод гардида дар саҳнаҳои тарбияви намоиш дода шуда, рӯҳияи хурдсолонро баланд намуд. Лозим ба қайд аст, ки хурдсолон бо як рӯҳияи хурсандибахш таҷлили соли навро интизор мешаванд. Насли калонсол кӯшиш менамоянд, барои онҳо фазои идона фароҳам оварда шавад. Вохӯриву мулоқот бо қаҳрамонҳои афсонавии соли навӣ Бобои барфӣ ва наберааш Барфак аз хотирмонтарин лаҳзаҳои ҳаёти кӯдакӣ мебошад, ки то дер дар хотираҳо ҳамчун ҳақиқат нақш мебандад. 
Рақсу бозӣ ва дилхушии хурдсолон гувоҳи аз он буд, ки чорабинии фароғатӣ барояшон писанд аст.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.
 

31.12.2025 14:58
37