Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг муайян гардиданд

Мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка, шоҳмот миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) ноҳияи Ховалинг, ва доираи васеъи варзишгарону мухлисони ин намудҳои варзиш бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, миёни варзишгарону ҳаводорони онҳо, ҳатто миёни хурдсолоне, ки дар ин мусобиқаҳо иштирок доштанд дӯстиву ҳамдилӣ ва боз ҳам бештар ба варзиш машғул шуданро тақвият бахшид.

Дар қисмати хотимавии мусобиқаҳои баргузоргардида мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ориф Ҷураев, муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Аслидин Шоҳиён ва муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Олимхӯҷа Олимзода ҳозиринро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид 25-уми май Рӯзи байналмилалии футбол пазируфта шудааст.

Ин иқдоми наҷиби Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз як қадами устувору қавии миллат аст ва ба ҷаҳониён нишон дод, ки мо миллати бофарҳангу ботамадун мебошем.

Инак дар мусобиқаи футболи хурд миёни 12 дастаи бо ҳам рақобатдошта дастаи «Доробӣ»-и (МТМУ) №3 бо дастаи «Ҷавонон»-и (МТМУ) №4 ба даври ниҳоӣ баромада, ниҳоятан дастаи «Доробӣ»-и ба рақиби худ ғолиб омада ҷойи аввалро ишғол намуд.

Ҷойи дуюм насиби дастаи «Ҷавонон» гардид ва мақоми сеюмро бошад дастаи «Мактаби варзишӣ» ишғол намуд.
Инчунин дар мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот низ варзишгарони ин намуди ваврзиш аз худ маҳорати баланд нишон дода, беҳтаринҳо тавонистанд ҷойҳои намоёнро сазовор шаванд.
Аз ҷумла дар мусобиқа аз намуди «Шоҳмот» ҷойи аввалро Юсуф Раҷабалиев, ҷойи дуюмро Гулчеҳра Ҳалимова ишғол намуданд ва ҷойи сеюм бошад насиби Юсуф Шамсов гардид.
Дар мусобиқаи «Шашка» бошад мақоми аввалро Абумусаяб Баҳромов соҳиб шуд, ҷойи дуюм насиби Салимҷони Сайдаҳрор гардид ва зинаи сеюмро бошад Абдулло Султонов ишғол намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои доиргардида ҷом, медал, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Р.Илёсов
Т.Латипов

25.05.2024 20:25
51