Оғози мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг
26 майи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Ховалинг мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ бо иштироки паҳлавонони ватанӣ, кишварҳои Осиёи марказӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, варзишгарон - кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва мухлисони бешумори ин навъи варзиш оғоз гардид.
Бояд тазаккур дод, ки
як гилеми алоҳида (татами) гузошта шуда, ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус ва дигар сохторҳои қудратӣ дар мусобиқаи мазкур фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ Шоҳҷоиза - воситаи нақлиёти сабукрав, тӯҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ тақдим карда мешавад.
Айни замон мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ идома дошта, аз ҷараёни он иттиллоъ дода мешавад.




















