Ҳалокати ду пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ
28-уми декабри соли 2025, тахминан соати 21:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Донгфенг», Гадойбоев Сайдуллоҷон Саидҷонович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд, дар километри 251-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбоналиев Зокир Раҳмоналиевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Деваштичро, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қурбоналиев З.Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
28-уми декабри соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Абдураҳмонзода Лутфуло Абдуғафор, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Восеъ, аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Ш.Шоҳин ҳаракат карда, дар ҳудуди деҳаи Тутиёни ноҳияи Муъминобод пиёдагард Анушервони Абдулваҳоб, соли таваллудаш 2001, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Анушервони А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, 29-уми декабри соли 2025, тахминан соати 07:00, ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















