Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани 3 нафар бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. 
Аз гумонбаршаванда 23 қуттӣ маводҳои тарфгарӣ бо навиштаҷоти “Трения с новым годом” дарёфт карда гирифта шуд. 
Мувофиқи хулосаи эксперти судӣ маводҳои мусодирашуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд, ки миқдори умумии онҳо 10 ҳазору 350-донаро ташкил медиҳад. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз гумонбаршавандагон 71 қуттӣ маводҳои тарфгарии (пиротехникӣ) бо номи «Трения Х 201» дарёфт карда гирифта шудааст.
Мувофиқи хулосаи эксперти судӣ маводҳои мусодирашуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд, ки миқдори умумии онҳо 31 ҳазору 950-донаро ташкил медиҳад. 
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

30.12.2025 8:04
42