Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба дуздӣ задани марди қаблан судшуда

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ  аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 15-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 21:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, аз он ҷо якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 50 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисими 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

29.12.2025 8:34
30