Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии солинавӣ барои фарзандони кормандони милитсия

Рӯзи 27-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барои кӯдакон-фарзандони кормандони милитсия чорабинии фарҳангӣ-фароғатии солинавӣ ташкил карда шуд.
Чорабинӣ бо риояи унсурҳои хоси солинавӣ, яъне арча бо бозичаҳо ороста шуда, иштироки қаҳрамонҳои афсонавии иди Соли нав - Бобои барфӣ ва Барфак ҷараён гирифт.
Шеъру сурудхонӣ, чистонгӯӣ ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ аз бозиҳои дилхушкунандае буд, ки хурдсолон якҷо бо Бобои барфӣ ва Барфак иҷро намуданд.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таҷлили Соли нави мелодӣ бо ташкили барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ барои кӯдаконро ба он хотир гузаронид, ки ҷашнгирии иди Соли нав аз ҳама бештар барои кӯдакон дилписанд аст. Хурдсолон бо як рӯҳияи хурсандиовар таҷлили онро интизор мешаванд. Насли калонсол, аз ҷумла падару модарон дар арафаи Соли нав кӯшиш мекунанд, то ин ки хоҳиши фарзандон амалӣ гардад. Зеро вохӯрию мулоқот бо қаҳрамонҳои афсонавӣ Бобои барфӣ ва наберааш Барфак аз хотирмонтарин лаҳзаҳои ҳаёти кӯдакӣ аст, ки то дер дар хотираҳо ҳамчун ҳақиқат нақш мебандад.
Дар хотимаи чорабинии идона бахши мусиқӣ намоиш дода шуда, кӯдакон дар якҷоягӣ бо Бобои барфӣ рақсу бозӣ намуданд.

27.12.2025 14:37
63