Дар мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ корманди ВКД соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар партави таҷлили Рӯзи байналмилалии футбол ва моҳвораи Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка, шоҳмот, пойгаҳи аспдавонӣ ва гуштини миллӣ баргузор шуд.
Ниҳоятан пас аз мусобиқаи пойгаҳи аспдавонӣ ҳамзамон мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, доираи васеъи намояндагони васоити ахбори омма ва варзишгарони ин риштаи варзиш аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларуссия бо теъдоди зиёди варзишгарони шинохта мухлисону ҳаводорони гуштини миллӣ доир гардид.
Инчунин дар ин мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 70 нафар гӯштингирону паҳлавонони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, 15 нафар аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, инчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланди гӯштингирӣ нишон дода, дар қисмати зиёди сабқатҳо бар ҳарифони худ дастболо гардиданд.
Аз ҷумла, дар сабқати гирифтани Шоҳҷоиза миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ рақобатҳо сурат гирифта, корманди шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Кӯлоб лейтенанти калони милитсия Бобоҷон Бобоев бо корманди КДАМ Лутфулло Сатторзода рақобат намуданд.
Дар ин сабқат лейтенанти калони милитсия Бобоҷон Бобоев аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо як чусту чолокӣ моҳирона бар рақиби худ ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрави «Мерседес-Бенс»-ро сазовор гардид.
Ҳамзамон дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки варзишгарони номиву паҳлавонони ин соҳаи варзиш ҳастанд дар ин мусобиқаи байналмилвалӣ фаъолона иштирок намуданд.
Инчунин дар ин мусобиқа варзишгари шинохтаи кишвар Шакармамад Мирмамадов бо варзишгари номдори Ҷумҳурии Узбекистон Шералӣ Ҷӯраев барои дарёфти Шоҳҷоиза бо ҳам сабқат намуда, бо ҳисоби мусовӣ рақобатро анҷом доданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин гӯштини байналмилалӣ барои ғолибон Шоҳҷоиза автомашинаҳои сабукрав ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки гӯштини тарзи озод, яке аз маъмултарин навъи варзиш буда, дар баробари варзишгарони номиву қаҳрамонони ин риштаи варзиш, ҳамзамон мухлисону ҳаводорони зиёдеро дорад.























