Ошкор шудани кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми апрели соли 2023, дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 39-солаи шаҳри Душанбе, ҷойи кораш муовини директори ширкати сохтмонии ҶДММ «Сад-Нур» бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 600 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум дар масоҳати 873 метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ва дар масоҳати 350 метри мураббаъ мағозаи хӯроквориро шартнома тарбиб дода, ба номаш карда медиҳад, аммо ваъдаашро иҷро накарда, аз ин маблағ 50 ҳазор доллари амрикоиро дода, боқимонда маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

















