Муайян шудани ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми декабри соли 2025, тахминан соати 09:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ноутбукро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















