Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини самбо байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Рӯзҳои 21-22-юми июни соли 2024 дар маҷмааи варзишии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини самбо байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гиромидошти хотираи собиқ муовини аввали раиси ШҶ “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди шоистаи варзиш, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники мустаъфӣ Саймаҳмуд Маҳмадрасулов баргузор гардид.
Мусобиқаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо оғоз намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа барору комёбиҳо таманно кард.
Таъкид гардид, ки мусобиқаи мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи гуштини самбо ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон ҳамасола дар мақомоти корҳои дохилӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад.
Баъд аз ҷамъбасти рақобатҳо, ғолибону ҷоизадорон ба таври зайл маълум шуданд:
Вазни 58 кг
1. Баҳромов Хурсандмурод, н.Шоҳмансур
2. Шарипов Собир, Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД
3. Қурбонов Муҳаммадалӣ, Душанбе
3. Абдураҳмонзода Сироҷиддин, Хатлон
Вазни 64 кг
1. Қодирзода Исо, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Алиев Иброҳим, Душанбе
3. Муҳиддинов Довуд, Хатлон – 1
4. Раҷабзода Маҳмадрасул, Душанбе - 2
Вазни 71 кг
1. Хушдилов Сомон, Вазорати мудофиа
2. Ҳукматов Сино, Душанбе
3. Ҳайдарзода Аҳмадшо, Вазорати мудофиа
4. Содиқов Хайём, Душанбе - 1
Вазни 79 кг
1. Раҷабов Муҳаммадисо, Душанбе
2. Шукронов Қоим, Вазорати мудофиа
3. Миршарифов Фаридун, Вазорати мудофиа
3. Мирзомуроди Субҳон, Душанбе
Вазни 88 кг
1.Шарифзод Саидмумин, Душанбе
2. Шарипов Туйчибек, Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД
3. Мирзоев Бахтиёр, КДАМ
Вазни 98 кг
1. Хоҷаев Рустам, н.Шоҳмансур
2. Саидмухторзода Саидашраф, Душанбе-2
3. Умаров Шоҳрух, Душанбе
3. Абдуллоев Абдулло, Вазорати мудофиа
Вазни +98 кг
1. Назриев Шариф, ВКД
2. Абдураҳмонов Оламафрӯз, Вазорати мудофиа
4. 3. Назриев Давлат, Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД
3. Сафаров Абдуҷаббор, Вазорати мудофиа
Даставӣ байни кормандони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ ва соҳторҳои қудратӣ бошад:
1. КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хотима аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи мазкур туҳфаҳои хотиравӣ, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва Диплом супорида шуд.

















