Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар шаҳри Исфара
25 июни соли 2024 дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо дар муассисаи байналмилалии «KONTAKT» ва майдончаи варзишии марказии шаҳри Исфара мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои «Футболи хурд», «Шашка ва Шоҳмот» байни ҷавонону наврасони шаҳри Исфараи вилояти Суғд бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» таҳти шиори «Маърифати ҳуқуқӣ – омили таъмини волоияти қонун» баргузор гардид.
Муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД полковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён дар маросими ифтитоҳи чорабинии варзишӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чунин мусобиқаҳои варзишӣ баҳри ривоҷу равнақ бахшидан ба намудҳои гуногуни варзиш гузаронида мешавад. Имсол низ ин мусобиқаи варзишии баргузоргардидаистода яке аз чорабиниҳои муҳим ба шумор рафта, дар устувор намудани пояҳои дӯстиву рафоқат, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни мусобиқа ҷавонону наврасони шаҳри Исфара бо шавқу завқи зиёд дар мусобиқаҳо иштирок намуда, беҳтаринҳо ғолибият ба даст оварданд.
Мавриди қайд аст, ки варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, неруманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад. Варзиш боиси дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб мегардад.
Дар фарҷоми чорабинии варзишӣ ғолибон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Ҷому диплом, медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мукофотҳоро дар маросими тантанавӣ муовини аввали Раиси Шурои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Аслиддин Шоҳиён супорид.
Гул Маҳбуба





























