Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд

25 декабр зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Корхонаи макарони «Руми Паста»-ро мавриди баҳрабардори қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ пас аз таҷдиду навсозӣ давоми як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Таҷҳизоти корхонаи нави саноатиро соҳибкорони ватанӣ аз давлати Итолиё ворид намуда, барои фаъолияти минбаъда мутахасисони маҳаллиро ба кор ҷалб намудаанд. Ҳоло корхонаи навтаъсис дорои як хатти технологӣ буда, 20 нафар мутахассис дар ду баст ба фаъолият фаро гирифта шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ин корхона се номгӯи маҳсулот истеҳсол ва бастабандӣ карда мешавад.
Масъулон тасмим гирифтаанд, ки бо ворид намудани ду хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам зиёд намоянд. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат ба кормандон ва мутахассисон вобаста ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ дастур доданд.
Оянда баробари ба кор андохтани хатҳои нави технологӣ шумораи кормандон дар Корхонаи истеҳсоли макарони «Руми Паста» ба 50 нафар мерасад.

25.12.2025 10:50
35