Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
23-юми декабри соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус 350”, Фатоев Парвиз Иноятуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Истони ҷамоати деҳоти Ҳ.Қӯҳии шаҳри Ҳисор ба самти маркази шаҳри Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Сулаймони ҷамоати деҳоти Ҳ.Куҳии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Зайдуллоев Насрулло Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Зайдуллоев Н.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.















