Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров ҷавонони 19 ва 21-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар вақти фурӯхтани 28 қуттичаҳои маводи тарфгарии (пиротехникӣ) бо номи «Трения Х 201» дастгир карда шуданд. 
Мувофиқи маълумотномаи эксперти судӣ маводҳои мазкур,  12 ҳазору 600 дона буда ба гуруҳи маводҳои тарфгарӣ дохил шуда, дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. 
Нисбати гумонбаршавандагон бо иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз ӯ як миқдор маводҳои пиротехникӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. 
Мувофиқи маълумотномаи эксперти судӣ маводҳои мусодиракардашуда ба маводҳои таркандаи тарфгарӣ (хлопушка) мансуб буда, шумораи умумиашон 20 ҳазору 640-ададро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.12.2025 8:13
34