Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри Бохтар, ронандаи ҶДММ “Чакан Таксӣ” муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми декабри соли 2025, тахминан соати 23:40-дақиқа, ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Бохтар ба мусофиркашонӣ машғул буданаш 2 нафар ҷавони ношинос дар автомашинааш нишаста дар кӯчаи С.Шерозии ноҳияи Кӯшониён бо истифода аз корди хоҷагидорӣ ба ӯ таҳдиди зуроварӣ намуда, дар қисмати рости гарданаш зарба зада, аз ҷайбаш 400 сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 24 ва 18-солаи сокинони ноҳияҳои Кӯшониён ва Сангвор, ки пеш якеашон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

25.12.2025 8:11
39