Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 29-сола бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми декабри соли 2025, тахминан соати 22:00, аз ӯ 370 қуттичаҳои маводи тарфгарӣ бо номи «Трения Х 201» дарёфт карда гирифта шуд.
Мувофиқи маълумотномаи зарурӣ маводҳои мазкур ба миқдори 16 ҳазору 650 дона ба гурӯҳи  маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил шуда, дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи-1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

23.12.2025 8:53
35