Муайян шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳамчун фурӯшанда дар мағозаи соҳибкор марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, молу амволи мағоза, яъне таҷҳизотҳои техникӣ, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст, фурӯхта маблағи ба даст овардааш 43 ҳазору 292 сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















