Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19 ва 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 19-уми декабри соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар назди мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавонони 19 ва 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе муноқиша намудаанд, сипас ҷавони 20-сола аз мағозаи мазкур як адад кордро гирифта ба қисмати тарафи чапи қафаси синаи ҷавони 19-сола зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

22.12.2025 8:08
32