Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани нафарони қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 17 ва ҷавони 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ки пеш онҳо бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 19-уми декабри соли 2025, тахминан соати 20:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 30-солаи сокини пойтахт даромада, аз онҷо 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

22.12.2025 8:02
60