Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард 

18-уми декабри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомобили тамғаи «Опел-Астра», Холзода Қосим Маҳмадулло, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Кулоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомобили боркаши тамғаи «ДАФ», бо нимядаки тамғаи «ШМИТС», таҳти идораи ронанда Набиев Хуршед Сафарович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Кӯлоб бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомобили тамғаи «Опел-Астра», Юсупов Маҳмадулло Холович, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Норак, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
19-уми декабри соли 2025, тахминан соати 15:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Холиқулов Сироҷиддин Катахонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Бекмуродов Абдусамад Абдуғафорович, соли таваллудаш 2001, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Бекмуродов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
Инчунин мусофири дохили автомашина Саримсоқов Комил Султонович, соли таваллудаш 2004, сокини ҳамон ҷо  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

20.12.2025 8:50
41