Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашина

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми октябри соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 42-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Лексус-570”-ро ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонад.
Аммо автомашинаи мазкурро фӯрухта 92 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 408 ҳазор сомониашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

20.12.2025 8:48
29