Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки писари ноболиғи 14-солааш сокини ҳамон ҷо, аз 15-уми ноябр то 8-уми декабри соли 2025, бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиашон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 66 ҳазор сомонӣ дуздида, бо ҳамроҳии рафиқонаш ноболиғони 17 ва 14-солаи сокинони шаҳри Душанбе маслиҳат намуда, ҷавоҳиротро фурӯхта, маблағҳояшонро ба манфиаташон сарф намудаанд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

20.12.2025 8:44
23