Ошкор шудани як ҳолати авбошӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи Темурмалик муроҷиат намудааст, ки 19-уми декабри соли 2025, тахминан соати 13:20-дақиқа, дар кӯчаи Абайи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, "Каром" ном шахс, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ намуда, бо корд як маротиба ба тарафи чапи шикамаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 37-солаи сокини ноҳияи Восеъ содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.














