Вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Рӯзи18-уми декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ масъулияти баланди шаҳрвандӣ” бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи мазкур баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Аълозода Муҳаммадрасул Аъло, муовини сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Шобулбулзода Саломатшоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳид ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба истифодаи дурусти қувваи барқ, пешгирии ғайриқонунии истифодаи неруи барқ ва оқибати он сухан ронд.
Сипас, сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Аълозода Муҳаммадрасул дар мавзӯи “Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ масъулияти баланди шаҳрвандӣ” сухан ронда, иброз намуд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд неруи барқро сарфакорона истифода намояд, зеро ин сарфакорӣ ҳам ба буҷҷаи оилаи худ ва ҳам ба буҷҷаи давлат фоидаовар аст.
Мавсуф доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, суханронӣ намуда суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ки чунин баён намуданд: “Мо соли 2027 агрегати сеюми НБО - Роғунро ба истифода медиҳем ва халқи тоҷик пурро бо неруи барқ таъмин мегарданд”, ёдовар шуданд.
Инчунин, муовини сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Шобулбулзода Саломатшоҳ баромад намуда, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ намуд ва таъкид кард, ки маҳз бо ташаббус ва хизматҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз дар мамлакат чандин неругоҳҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шуда истодааст, ки ҳамаи ин самараи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳид баромад намуда иброз дошт, ки устодону донишҷӯёни донишкада дар қатори дигар шаҳрвандони мамлакат вобаста ба сарфакорона ва истифодаи дурусти неруи барқ ҳамаруза саҳмгузор мебошанд. Инчунин меҳмононро барои чунин як мулоқоти судманд ва саривақтӣ аз номи раёсати донишкада изҳори миннатдорӣ намуд.





















