Мизи мудаввар оид ба тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба
15 майи соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мизи мудаввар оид ба ҳамкории дуҷонибаи Сармарказҳои иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Мавриди қайд аст, ки мизи муддавар бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия доир гардида, дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Шарифзода Темур Икром, сардори Маркази оморӣ-таҳлилӣ ва назоратии Сармаркази мазкур подполковники милитсия Холиқзода Хушбахтҷон Ҷурақул ва сардори шуъбачаи Раёсати молиявӣ-иқтисодии ВКД подполковники милитсия Эмомализода Шуҳрат ширкат варзиданд.
Мизи муддавар бо сухани ифтитоҳии муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Шулика Виталий Дмитриевич оғоз гардид.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Федератсияи Россия генерал-майори хизмати дохилӣ Сафиуллин Илдар Рашидович, сардори Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, алоқа ва амнияти иттилоотии ВКД Федератсияи Россия генерал-лейтенанти хизмати дохилӣ Войнов Юрий Виталевич, муовини Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Федератсияи Россия полковники хизмати дохилӣ Абашина Олга Валеревна ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудавар масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Сармарказҳои иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВКД Федератсияи Россия ва дигар масоили мубрам мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин раванд рӯзҳои 16-17 майи соли равон маҷлиси машваратӣ бо иштироки муовини сардори Маркази бақайдгирии муҳоҷиратии ВКД Федератсияи Россия генерал-майори политсия Яковлев Виталий Александрович ва ҳайати шахсии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, алоқа ва ҳифзи иттилоотии Сармаркази иттиоотӣ-таҳлилии ВКД Федератсияи Россия доир гардида, дар он оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва таъмини ҳифзи иттилоот зимни мубодилаи маълумот як қатор таклифу пешниҳоди судманд ироа гардиданд.
Гул Маҳбуба