Сафари ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин ба вилояти Хатлон
Ҳафтаи сипаригардида дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва созишномаҳои ба имзорасида ҳайати Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар доираи ин сафар мулоқоти кории роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай таҳти роҳбарии ҷаноби Сюй Ефэн бо Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баргузор гардид.
Дар мулоқоти корӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи вилояти Хатлон ва политсияи шаҳри Шанхай дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, табодули таҷриба оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона ва раванди террористиву экстримистӣ дошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ байни роҳбарони ҳайатҳо ҷаноби Сюй Ефэн ва генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода Протокол оид ба тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай ва Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд.