Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Паёме, ки паёми зиндагонист!

Рӯзи 19-уми декабри соли 2025 бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷлисгоҳи ин ниҳод чорабинии илмӣ дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - барномаи рушди устувори кишвар, моҳият ва самтҳои асосии он” доир гардид. 
Дар чорабинӣ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии ВКД, инчунин, устодону курсантони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Нахуст, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Пулод Насуриён қайд кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои ҳар як шаҳрванд, бахусус, мо - кормандони мауомоти корҳои дохилӣ роҳнамоест, ки дар пешрафти минбаъдаи фаъолияти хизматӣ ва рушду тарақуиёти давлат заминаи устувор мегузорад.
Сипас, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо иброз дошт, ки Паём санади ҳуқуқӣ ва барномаи мукаммалест, ки дар он дастоварду пешрафти тамоми рукнҳои давлатдорӣ дар соли сипаригардида ва амалигардонии барномаву стратегияҳои қабулгардидаи давлатӣ, ки дар тараққиёти минбаъдаи кишварамон такони ҷиддӣ мебахшанд, шарҳ дода мешавад.
Сипас, вобаста ба бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, аҳамияти ҳуқуқии Паём, сиёсати дохилӣ ва хоривии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, нақши маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ,  баланд бардоштани мақоми занон ва нақши ҷавонон, донистани таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва пос доштану соҳибӣ намудани мероси гаронбаҳои гузаштагонамон, инчунин, саноатикунонии босуръати кишвар ва ба як давлати тараққикарда табдил додани Ватани азизамон ибрози андеша намуд.
Мавсуф қайд кард, ки Паём роҳнамои мо, баёнгари самтҳои асосии пешрафти давлат аст.
Дар қисмати хотимавии чорабинии баргузоргардида вобаста ба мавзуи рӯз мубодилаи афкор сурат гирифта, андешаҳои ҷолиби диққат баён гардид.

19.12.2025 11:11
59