Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар Левакант ва Турсунзода
18-уми декабри соли 2025, тахминан соати 02:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус ES-350”, Худойназаров Изатулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Левакант, воқеъ дар давродаври даромадгоҳи шаҳри Левакант аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони давродаврии мазкур бархӯрда, ҳаракатро давом дода, пасон дар дохили канали обгузари қисмати рости роҳ афтидааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Худойназаров И.Р. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Олимзода Обид, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Левакант, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
18-уми декабри соли 2025, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Тоибов Камолиддин Ҷалолиддинович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сангтудаҳои байни шоҳроҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Тоибов К.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашина, ноболиғ Нишонова Мубина Анваровна, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















