Ошкор гардидани ҳолатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷавони 19 ва ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуданд.
Аз гумонбаршавандагон 1-адад ҷузвдон, ки дар дохилаш 30-қуттӣ (блок) дар ҳаҷми 18 ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дарёфт ва гирифта шуд.
Инчунин ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки гумонбаршавандагон маводҳои тарфгариро аз ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дастрас кардаанд. Барои дастгир кардани гумонбаршаванда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Ашт, 15-уми декабри соли 2025, тахминан соати 14:00, дар назди хонаи истиқоматиаш қарор дошта, аз шахсони номаълум 23-қуттӣ маводҳои тарафгарӣ бо номи «Трения Х 201» ғайриқонунӣ ба даст овардааст.
Мувофиқи хулосаи эксперти судӣ маводҳои мазкур, ба миқдори 10 ҳазору 350-дона ба гуруҳи маводҳои тарфгарӣ дохил шуда, дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


















